БАҲРИ ОБОДӢ ВА ТАЪМИНИ СУЛҲУ СУБОТИ КИШВАР ТАЛОШ БОЯД КАРД
Паёми имсолаи Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд ҷиҳати муҳимро фарогир мебошад, ки амалисозӣ ва пайгирии онҳо барои рушду инкишофи ояндаи давлатдории миллӣ муҳим арзёби мегардад. Пешвои муаззами миллат дар идомаи ташаббусҳои созандаву иқдомоти наҷиби худ зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии мамлакат бо мақсади пешрафти саноати кишвар солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат» эълон карданд, ки дар ҷомеа кунунии Тоҷикистон муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ карда мешавад.
Сокинони шарафманду ҳизбиёни ноҳияи Муъминобод, низ ташаббусҳои навбатии Сарвари давлатро амри зарурӣ дониста, баҳри ободиву тарғиби арзишҳои маънавӣ кору фаъолият намуда истодаанд.
Бо мақсади вусъат бахшидани масъалҳои зикргардида нақша-чорабиниҳои мушаххас таҳия гардидааст. Аз ин рӯ, мо ҳизбиёни ноҳия бо сокинони деҳаю маҳаллаҳо мулоқоту сӯҳбатҳо, чорабиниҳои гуногуни таблиғотӣ ва аксияҳои ҳизбиро таҳти унвони «Якҷоя месозем» роҳандозӣ намуда, вобаста ба мушкилоти мавҷудаи деҳот дар таъмири роҳу иншоот, кушодани хатти оби нушокӣ, сохтани синфхонаҳои иловагӣ, рангубори хонаҳои истиқоматӣ, тоза намудани ҷую оромгоҳҳо ва шинонидани дарахтони сояафкан ва ба ин васила баланд бардоштани некуаҳволии мардум дар ҳар як деҳоту маҳал саҳм мегузорем.
Ташаббусҳои созанда ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро водор месозад, ки ҳар амали некеро бо шукргузори аз истиқлолу озодӣ ва соҳибватанию соҳибдавлатӣ анҷом диҳем. Баҳри ободии кишвар, таъмини сулҳу субот ва зиндагии арзандаи мардум кӯшиш намоем.
Ҳайдарзода Рамазон,
муҳосиби КИ ҲХДТ дар ноҳияи Муъминободsilvenpsp.rusferurezki.ru
Вернуться назад
|