« 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | 31 |
Ҳидояти Пешвои миллат !
Ватанро сидқан бояд дуст дошт !
Хатсайри ноҳия!
Дар Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии Чин мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони Академия баргузор гардид.Дар ин вохӯрӣ дар ҳузури Сарвари давлат муаррифии китоби арзишманди таърихии «Тоҷикон дар оинаи таърих» доир шуд.
Дар маросими муаррифии китоб Президенти Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии Чин Сие Фучжан, Мудири кулли маҷмааи нашриёти «Ренмин» ва таърихнигори шинохтаи чинӣ оид ба саҳми беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушду густариши муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Чин, таҳкими дӯстии халқҳои ду кишвар ва нақши китоби таърихии «Тоҷикон дар оинаи таърих» андешаҳои ҷолиб баён кард.
Зимни суханронии худ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии Чинро дар ҳаёти илмиву ҷамъиятии ин кишвар ва берун аз он ҳамчун яке аз марказҳои калидии таҳқиқотӣ муҳим арзёбӣ намуданд.
Сарвари давлат таъкид доштанд, ки мо ҳамсояи бузургамон — Чинро дӯсти боэътимоду шарики самимӣ меҳисобем ва аз рушди устувори он изҳори хушнудӣ менамоем. Мо шоҳиди пешрафти босуръати Чин дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёт ва ҳаёти ҷомеа, таҳкиму тақвияти обрӯ ва нуфузи он дар арсаи байналмилалӣ мебошем.
Дар суханронии худ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таърихи навини Тоҷикистон, раванди барқарорсозии сулҳу ваҳдат ва амнияти сартосарии сарзамин, ҳамкории дуҷониба бо кишвари ҳамсояи Чин ва дигар масъалаҳои муҳим андешаронӣ карданд.
Барои чопи китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нафароне, ки дар ин кор саҳм гузоштаанд, изҳори сипос намуданд.
Мавриди зикр аст, ки дар тарҷума ва чопи ин китоб нашрияи «Ренмин» саҳми шоиста дорад.