Ҳидояти Пешвои миллат !
Ватанро сидқан бояд дуст дошт !
Хатсайри ноҳия!
Одамият чист?—Худро дур аз шарр доштан,
Хайрхоҳи халқ будан, нафъи безар доштан.
Яке аз масъалаҳое, ки имрӯз дар қатори пандемият короновирус, инқилобҳои норинҷӣ, ҷомеаи ҷоҳониро ба ташвиш овардааст терроризм ва экстремизми диннӣ мебошад. Ин зуҳуроти номатлуб дар ҷомеа боиси ба миён омадани таҳдид ва зуроварӣ, сӯиқасд ба ҷони шахсиятҳои варзида: Олимон, ходимони давлати ва сиёси, бенизомӣ, ғасби ҳокимият барангехтани низоъи милли мегардад. Чуноне, Асосгузори сулҳу ваҳдати милли –Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон қайд намуданд: "Имрӯзҳо терроризм ва ифротгароӣ пеш аз ҳарвақта авҷ гирифта ба оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри 21 табдил ёфтааст. Дар Паёмашон Сарвари давлатамон иброз намуданд, ки террористон Ватан, миллат ва дину мазҳаб надоранд. Ин зуҳуроти фоҷиабор ҳеҷ умумияте ба динни мубини Ислом надорад.
Бори аввал соли 2001 Эмомали Раҳмон дар созмони Конфронси Исломи дар шаҳри Қатар, суханрони карда, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба ин масъалаҳои доғи рӯз ҷалб карда буд.
Дар маҳилаи ҳозир яке аз ҳадафҳои асосии ҳизби террористӣ—экстремистии наҳзати исломи бо сардории Муҳиддин Кабирӣ ин барангехтани ҳисси нобоварӣ нисбат ба давлату ҳукумат ва тафтиқаандозӣ миёни мардуми кишвар мебошад. Ба ҳамагон маълум аст,ки дар аввали солҳои навадум ҳизби террористӣ—экстремистии наҳзати исломи ба сари мардуми тоҷик чӣ фоҷиаи бузургеро овард. Даҳҳо ҳазор мардуми бегуноҳ оғуштаи хун шуданд ва даҳҳо ҳазори дигар гурезаву бенишон шуданд. имрғзҳо мо мебинем, тавассути сомонаҳои интернетӣ ба сари миллати тоҷик ва давлати Тоҷикистон суханҳоиайбҷӯёна ва маломатангез мерезанд. Ҳизби террористӣ—экстремистӣ наҳзати исломи дар паноҳи ҳомиёни хориҷии тамаъҷӯйи худ махсусан дар давлати Полша ҷой гирифта ба сари давлату маллати тоҷик суханҳои таҳқиромезро фаро мерезанд. Террористон ҳаргиз ба меҳнати ҳалол кардан моил нестанд ва ба ягон ҷомеъа ғайр аз қатлу куштор и бераҳмона ва тафриқа андохтан байни одамон чизеро оварда наметавонанд.
Мо бояд ба қадри Истиқлолияи давлатӣ, Ватани ободу зебоямон Тоҷикистони азиз ва арзишҳои воллоӣ фарҳангию миллиамон бирасем ва ба дарки масъулияти баланд ва меҳнати ҳалол Ватанамонро ҳифз намоем. Ҷовонону наврасонро дар руҳияи ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ инчунин ҷалбӣ онҳо ба корҳои созандагию ободкори баҳри давлату миллати худ тарбия намуданд.
М.Т.М.У №23 Ҳаитов М
silvenpsp.rusferurezki.ru