| « 2025 » | ||||||
|---|---|---|---|---|---|---|
| 1 | 2 | |||||
| 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
| 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
| 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
| 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Ҳидояти Пешвои миллат !
«…Мардуми Муъминобод Шумо аз ин манзараҳои нотакрор, обҳои сарду дармонбахши чашмаҳо, боду ҳавои форам, заминҳои зархезу серҳосил, боғоти сермеваи шаҳдбор шукрона кунед. Шукрона кунед, ки Худованд ҳамаи муъҷизоти оламро дар ин макон бебаркаш ато кардааст. Дар замони шуравӣ ва пасошуравӣ ҷаҳонро гаштаму дидам. Маконеро пайдо кардан душвор аст, ки чун Муъминобод чор фасли сол зебогиҳои бемислу нотакрорро доро бошад».
Ватанро сидқан бояд дуст дошт !
Дар рӯзгори мо фаъолияти ҳар як узви ҷомеа баҳри осоиштагии ҳамагонӣ, таъмини ҳаёти шоиставу саодатмандона аҳмияти бештар ва рӯзафзун пайдо мекунад.
Аз ин рӯ дар таълиму тарбияи насли наврас ба ин масъала бояд таваҷҷӯҳи ҳамешагӣ зоҳир кард. Баъзе ҳодисаҳои нангину фоҷеабор, ки мутаасифона дар кишварамон солҳои охир бо айбу хиёнати гурӯҳҳои ифротгаро, хоинони ватан ба вуқуъ пайвастанд, бозгӯи онанад, ки ҳануз махсусан дар самти тарбия дар таълимгоҳҳои мо нокомилиҳо ва холигиҳо мавҷуданд ва бояд ҳарчи зудтар бартараф карда шаванд. Агар дар оила тарбия аз батни модар оғоз ёбад дар мактаб аз синфи аввал шуруъ мешавад. Мактаб ва омӯзгор масъулияти тарбияи фарогиру ҳадафмандона ва самаровари насли наврасро ба дӯш дорад. Маълум аст, ки хоннандагони хӯрдсол табиатан ба ҳикояву афсонаҳо, ҳодисаҳои шавқовар ва ба шеъру сурудҳои дилангез таваҷҷуҳи хосса ва рағбати зиёд доранд. Бо назардошти ин омӯзгор метавонад бо истифода аз афсонаҳо дар лаҳзаҳои дарсҳо ва дар машғулятҳои алоҳида дар самти тарбияи шоистаи хонандагон ба комёбиҳо ноил гардад.