ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
    ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ[thumb=left]http://muminobod.tj/uploads/posts/2015- ...
Тақвими хабарҳо;
«     2025    »
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
282930 
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

ОГОҲӢ
Илова кард: admin, 09:14---
ОГОҲӢ! Бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании нохияи Муминобод дар вилояти Хатлон истинодан ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони вилояти Хатлон мерасонад, рӯзҳои 18-19 апрели соли ҷорӣ вобаста ба воридшавии анбӯҳи ҳавои сард ва намнок ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавои ноустувор бо зуҳуроти хавфноки табиӣ пешгӯӣ мешавад. Санаи 18-19 апрел боришоти борон дар назар буда, дар бештари ноҳияҳо бошиддат борида, дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ ва жола пешгӯӣ мешавад. Рӯзи 19 апрел дар баландиҳои зиёда аз 2000 метр аз сатҳи баҳр боришоти борон ба барф мегузарад. Дар бештари ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ба истисно аз минтақаҳои баландкӯҳӣ пастшавии ҳарорати ҳаво то 10-15º пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати то 9-14м/с, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 17-22 м/с вазида, дар ноҳияҳои ҷанубӣ ва маркази ҷумҳурӣ санаи 17 апрел тӯфони чангу ғубор ба амал меояд. Рӯзҳои 18-19 апрел бо сабаби ба амал омадани боришоти бошиддат дар дарёҳои Панҷ, Обихингоб, Сурхоб, Ёхсӯ, Қизилсӯ (ҷанубӣ), дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда (Варзоб, Лучоб, Харангон, Элок) ва Зарафшон баландшавии сатҳи аз эҳтимол дур нест. Рӯзҳои 18-20 апрел бинобар сабаби боришоти пай дар пай ва бошиддат дар баъзе минтақаҳои Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ғарби ВМКБ сар задани зуҳуроти сел пешгӯӣ мешавад. Ба шаҳрвандони вилояти Хатлон тавсия дода мешавад, ки дар чунин вазъи номусоиди обу ҳаво чораҳои эҳтиётӣ андешанд. Дар робита ба ин, Бахш бори дигар ба аҳолӣ муроҷиат намуда, хоҳиш мекунад, ки тамоми чораҳои эҳтиётиро риоя намуда, аз ҷамъоварии гиёҳҳои дар минтақаҳои хатарноки кӯҳӣ рӯида, ғунучини ҳезум, рафтан ба шикор ё моҳидорӣ, чорвочаронӣ худдорӣ кунанд. Бахши Кумита дар вилояти Хатлон барои пешгирии оқибатҳои омадани сел тавсия медиҳад, ки аз қабл селроҳаҳо, ҷӯйбору каналҳои назди хонаҳои истиқоматии худро аз ҳар гуна хасу регу санг тоза кунанд.silvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.