ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
    ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ[thumb=left]http://muminobod.tj/uploads/posts/2015- ...
Тақвими хабарҳо;
«     2024    »
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

Хиёнат.
Илова кард: adminn3-08-2020, 15:19---

Хиёнат ин далеле мебошад, ки ба чашмҳо аён ва ба ҳамагон бо гузашти вақт аён мешавад. Ҳеҷ вакт хиёнат аз назарҳо нопадид нахоҳад монд. Барои имрӯзиён ва фардо ин падида ошкор ва равшан хоҳад гардид. Мо ба назики дар шабакаи телевизиони Тоҷикистон филми мустанадеро бо номи хиёнат тамошо кардем, ки дар он чеҳраҳо манфури хоинони миллати моро намоиш доданд. Ба рости то дараҷае, ки дар филм намоиш дода шуд мо бовар надоштем, ки фарзанди тоҷик аз номи дини мубини ислом ва аз номи ислом чи қадар ҷафаро ба номи ҳамватани худ раво бинад. Дар ҳоле, ки мардум дар бораи зинда мондан фикр мекард, онҳо барои аз байн бурдани ҷони одамон фикр доштанд. Ҳатто барои ба анҷом расонидани амалҳои ғаразноку нопоки худ бо супориши хоҷагони хориҷии худ чи корҳоеро ба анҷом намерасониданд. Муҳим барои онҳо фатақат табадуллот буду низоъ байни мардум. Оё онҳо боре фикр накарданд, ки агар давлатро ба дасти ин ҷоҳилон супоранд оқибати давлати тоҷикон ва фарзандони тоҷик чи мешуда бошад. Барои мисол боре назар ба давлати ҳамсояи Афғонистон бояд кард. Боре мардум бо нафаси тоза ба куча ва ҷашно баромада наметавонад. Аз як тараф гурӯҳи толибон ва аз тарафи дигар қушунҳои дохилаю дигар лашкаркашони ғайрирасмӣ. Давлатро ба дараҷае валангору оғуштаи хун намудаанд, ки мардум дар кучаҳо озодона гаштугузор карда наметавонад. Ҳар рӯз аз ҳар канори мамлакат овози таркишу тирпаронӣ ба гуш мерасад.

Мо бояд шукрона кунем, ки дар давлати тинҷу амон зиндаги дорем. Ҳеҷ гоҳ бояд ба дасисабозон ва нафароне, ки ҷомеъаи солими моро халалдор месозанд, нагузорем, ки ягон нафар моро халалдор насозад.

Интернати ятимоу бепарасторонСайфуддинов А.

silvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.