ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
    ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ[thumb=left]http://muminobod.tj/uploads/posts/2015- ...
Тақвими хабарҳо;
«     2024    »
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

ЗУРИИ МУШТ – АЗ ВАҲДАТИ ПАНҶ АНГӮШТ!
Илова кард: admin24-06-2022, 12:49Асоси
ЗУРИИ МУШТ – АЗ ВАҲДАТИ ПАНҶ АНГӮШТ! миллат ва ин Ватан шаҳодат медиҳад. Ягон давру замон подшоҳ ё сарвареро бо чунин хоксорӣ ва бузургдилӣ надидааст. Амалҳои хайрхоҳона ва ҷавонмардонаи Пешвои миллат мардуми тоҷикро дар рӯйи олам сарбаланд ва ифтихорманд мегардонад. Боварии комил аст, ки миллати тоҷик зери сарварии Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намегузорад ягон нафар фарзандаш аз хурд то бузург зери зулму бедодгариҳои аҷнабиёни хоину нотавонбин қарор дошта бошад. Ба ҳамагон маълум аст, ки Сарвари давлат аз рӯзҳои аввали интихоб гардиданашон ба сари ҳокимият иброз намуда буданд, ки то он даме, ки як фарди тоҷик аз хоки Ватан берун аст, ман худро ҳамчун роҳбари давлат ором ҳис намекунам. Ҳамин тавр ҳам ҳаст. Мутмаинем, ки зери сиёсати хирадмандона ва мардумпарваронаи Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони азизи мо аз ин ҳам дида боз ҳам зеботар ободтар ва дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун роҳандозикунандаи ташаббусҳои бузург шинохта мешавад. Ба кули ҳамватанони дохилию бурунмарзии миллати салбаланди Тоҷикистон гуфтаниям, ки ин Ватан аст, ки моро дар канораш мепарварад ва мо осудаҳолона зиндагӣ дорем. Пас, биёед зери як ливо, як сиёсат аҳлона зиндагӣ намоем ва баҳри ободию осудагии фарзандони хеш талош варзем. Дар ҳамбастагӣ бар зидди хоинону душманон, дасисаандозон ва халалдоркунандагони зиндагии осоиштаи мардум мубориза барем, зеро зурии муш аз ваҳдати панҷ ангӯш аст. Умедҷони Каримхон, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Муъминободsilvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.