ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
    ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ[thumb=left]http://muminobod.tj/uploads/posts/2015- ...
Тақвими хабарҳо;
«     2024    »
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

МУТТАҲИДӢ ВА ВАҲДАТУ САРҶАМЪӢ - КАФИЛУ СУЛҲУ ОБОДӢ
Илова кард: admin24-06-2022, 12:56Асоси
МУТТАҲИДӢ ВА ВАҲДАТУ САРҶАМЪӢ - КАФИЛУ СУЛҲУ ОБОДӢ Аз санаи ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар кишвари азизамон Тоҷикистон бисту панҷ сол сипарӣ гардид. Барои ба ин рӯзи муқаддасу таърихии деринтизор расидан марҳилаҳои зиёде пушти сар шуда, аз 5- уми апрели соли 1994 то 27- уми июни соли 1997 дар Афғонистон, Покистон, Қирғизистон, Эрон, Қазоқистон, Туркманистон ва Федератсияи Россия давом кард. 25 сол муқаддам сулҳи деринтизор дар партави ризоияти Ваҳдати миллӣ дар саросари кишварамон тантана дорад. Бисту панҷ сол боз сулҳу ваҳдат пойдору устувор ва ба ин васила Истиқлолияти давлатӣ комилан дар сартосари кишвари азизамон барқарор аст. Пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ ва устувории Истиқлолияти давлатиро дар ҳар қадам ва дар ҳар самт ба хубӣ эҳсос мекунем. Осудагию оромӣ, тинҷию амонӣ, шукуфоиву хуррамӣ, ободониву фаровонӣ, рушди босуръати иқтисодиёту иҷтимоиётии кишвар, беҳ гардидани сатҳи зиндагии мардум, таъмини амнияти миллӣ, волоияти қонун ва ба ин васила ташаккул ва рушди давлати ҳуқуқбунёду демократӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва афзалиятҳои миллӣ ва амсоли инҳо мафҳумҳое мебошанд, ки маҳз бо шарофати Ваҳдати миллӣ ба даст омада, зина ба зина ташаккул ва рушд ёфта истодааст. Лаҳзае аз нобасомониҳои солҳои ҷанги шаҳрвандиро пеши назар овардан кофист, ки то ба қадри сулҳу ваҳдат ва тенҷию оромии ин кишвари воқеан ҳам биҳиштосо бирасем. Зудбоварию нофаҳмӣ, гаравишу мазҳабпарастӣ, эътиқоду эътимоди ноҷо, таъсири мафкураи пасти қолабӣ сабаби сарзадани муноқишаҳо шуданд. Муноқишаҳое, ки хисороти зиёди ҷониву молӣ ва иҷтимоиро аз пушти худ дунбол дошт. Тоҷикистон ба гирдоби туфону кашмакашиҳо ва нофаҳмиву нобасомониҳо кашида шуд. Заминаи асосӣ ва боэътимоди фарҳанги сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таъсиси Ҳукумати қонунӣ ва ба сифати Раиси Шӯрои Олӣ интихоб шудани фарзанди ҷонфидои миллати тоҷик, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуд. Дар таърихи давлатдории миллии тоҷикон ва таърихи навини Тоҷикистони биҳиштосову соҳибистиқлол асолату рисолати таърихии иҷлосияи мазкур пеш аз ҳама он аст, ки ба ду омили муҳиму асосӣ - хатари ҳамчун давлати мустақил аз харитаи ҷаҳон аз байн бурдани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчун миллат аз миён рафтани тоҷикони куҳаннажод пешгирӣ карда шуд. Барқарор намудани сулҳ дар кишвар аввалин иқдоми ҷиддӣ дар ҷодаи ваҳдати миллӣ маҳсуб меёбад, ки дар ин иҷлосия аз номи Сарвари давлат баён гардид. Дар муроҷиатнома аз 12-уми декабри соли 1992 Эмомалӣ Раҳмон бо азму иродаи қавӣ изҳор намуданд: «…Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи дурахшони Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам». Сулҳи тоҷикон дар сафҳаи таърихи милливу байналмилалӣ нақши муҳим дорад. Аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ пойтахти кишвари маҳбубамон - Душанбе ҳамчун «Шаҳри сулҳ» эълон шуд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо “Ситораи тиллоии Сулҳ” шарафёб гардид, ки далели равшани асолати ваҳдатофарӣ аст. Маҳз бо шарофати пойдорӣ ва танинандозии ваҳдати миллӣ дар ҷомеа ҳувияти миллӣ, асолати миллӣ, андешаи миллӣ ва худогоҳиву худшиносии миллӣ побарҷо буда, бедории ифтихори миллии шаҳрвандон хуб эҳсос мешавад. Пойдорӣ ва устувории ваҳдатӣ миллӣ, эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ, муттаҳидии нерӯи созандаву бунёдгароёна, иқдомҳои неку навоварона ба хотири бунёди ҷомеаи воқеан демократӣ, ҳуқуқбунёд вазифаи аввалиндараҷаи ҳар соҳибватан буда, метавонад кишварро ба саодати иҷтимоӣ бирасонад. Мафҳумҳои Ватану ватандорӣ, истиқлолияту озодӣ ва Ваҳдати миллию якпорчагии давлат бояд ғояҳое бошанд, ки шаҳрвандонро дар атрофии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳам оварда, ояндаи неки тоҷиконро кафолат диҳанд. Танҳо дар ҳолати муттаҳидӣ, ваҳдату сарҷамъӣ мо - тоҷикон аз давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, ягона ва дунявии худ дифо намуда, онро пойдору устувор нигоҳ дошта метавонем. БИСТУ ПАНҶ СОЛИ ВАҲДАТУ ЯКПОРЧАГӢ МУБОРАК, ҲАМДИЁРОНИ АЗИЗ! Салоҳиддин Мирзобаротзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминободsilvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.