ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ Имони пок инсонҳои худоҷӯйро ба...
Тақвими хабарҳо;
«     2024    »
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

РОҒУН - ҚУВВАИ БУЗУРГ ДАР СИМОИ ҲАР ЯК ТОҶИК
Илова кард: admin11-08-2022, 16:21Асоси
РОҒУН - ҚУВВАИ БУЗУРГ ДАР СИМОИ ҲАР ЯК ТОҶИК Воқеияти олами имрӯза сарварон ва сиёсатмадарони сатҳи гуногунро водор бар он месозад, ки ба хотири мавқеъ ва инкишофи арзандаи кишварашон дар низоми муқовиматбори сиёсии олам таълимот ва доктринаҳои гуногунро таҳрезӣ намоянд. Онҳо рушди кишвари хешро танҳо ва танҳо дар чунун раванд мебинанд. Тоҷикистон низ ҷузъи ҷудонашавандаи ин олами сиёсӣ мебошад. Маҳз, геополитик будан ва сиёсатмадори сатҳи касбӣ қудрати дарки чунин андешаҳоро ба вуҷуд меорад. Чунин сифатҳо ва хусусиятҳоро дар шахсияти Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёдгузори иншооти аср бараъло дидан мумкин аст. Президенти кишвар мақоми стратегӣ ва дурнамои Роғуни бузургро дарк сохта, аз лаҳзаи оғози сохтмон қадамҳои баҳодурона ва бо боварии комил даст рӯйи кор гирифтааст. Сарвари давлат медонад, ки ояндаи дурахшони Ватан, зиндагии шоистаи ҳар як фарди Тоҷикистон маҳз бунёди Роғун аст. Аз лаҳзаи бунёди НОБ-и Роғун Пешвои миллат дар баромадҳои худ ҳамеша таъкид месозад, ки Роғун миллати тоҷикро саодатманду сарбаланд, кафили зиндагии шоиста ва таъмингари ҳаёти осуда аст. Имрӯз Роғун таълимоте гаштааст, ки дар симои ҳар як тоҷик қувваи бузургро ба вуҷуд оварда, онро боз ҳам қавиирода гардондааст. Роғун аз ҳар ҷиҳат самароноктару безарар аст. Дар геополитика кишварҳо барои рушди сиёсии хеш аз ҳамагуна омилҳо истифода менамоянд. Онро низ ба мафҳуми «ҷойҳои пурарзиши сиёсӣ» низ муаррифӣ месозанд. Ин маконҳо метавонанд дар як маврид- хушкӣ, дар мавриди дигар- баҳр ва дар ҳолати дигар- водии беканор ва ё бешазори бузург бошанд. Сиёсатмадору сарварони сиёсӣ ин маконҳои бузургро ҳамчун қудрат истифода менамоянд ва манфиатҳои миллӣ ва геополитикии кишвари худро ҳифз ва ҳимоя месозанд. Ин омилҳо воқеан давлатҳоро бузургу тавоно мегардонад. Чунин дарки масъала дар ҷаҳонбинии Пешвои миллат аз азал вуҷуд дошт. Пешвои миллат ҳамчун сиёсатмадори дурандеш чунин гузориши масъаларо дарк намуда, Роғунро кафили рушди Тоҷикистони навин унвон кардааст. Беҳуда нест, ки Пешвои миллатро бунёдгузори ин иншооти аср мегӯянд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Роғунро дар шароити инкишофи геополитикии Тоҷикистон омили муҳими рушди барҷастаи кишвар маънидод намуда, онро ҳифзкунандаи мақому ҷойгоҳи Тоҷикистон дар низоми олами муосир муайян намудааст. Роғун ҳамчун иқтидори бузург ба сифати манбаи қудрати Тоҷикистони навин аст. Бунёди ин иншооти бузурги энергетикӣ заминаи бузург, дар ҳимояи манфиатҳои миллӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва ба актори пурқудрати сиёсати ҷаҳонӣ табдил ёфтани Давлати Тоҷикистон ҳамчун шароит, восита ва омили асосии инкишоф эътироф ва эҳтиром аст. Оғози сохтмони азим бори дигар исботи онро намуд, ки миллати тоҷик бо Пешвои худ дар шикастанҳову бастанҳои таърих бузурги ва соҳибқудрат будани хешро исбот сохт. То оғози сохтмони ин кохи нур ва бори аввал ба кор даровардани чархаи якум, Пешвои миллат ва мардуми тоҷик роҳи дуру дарози пур аз муқовимату зиддиятҳоро пушти сар намудааст. Коршиносону муҳаққиқони минтақавӣ, сарварону сиёсатмадорони зинаҳои гуногун аз чунин комёбиҳо ва иқболи баланди миллати тоҷик дар самти мазкур на ҳамеша ҷонибдор ҳастанд. Онҳо борҳо иброз доштанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қувваи худ наметавонад, ин иншооти бузургро бунёд кунад. Вале миллати тоҷик бо роҳбарии сарвари худ тавонист ин бузургиро тасхир кунад. Сарбанди НОБ-и Роғун баландтарин сарбанд дар дунё аст. Он аз ҳар ҷиҳат симои бузурги миллати тоҷик ва Пешвои он аст. Дилшод Раҳимов, муовини декан оид ба тарбияи факултети фалсафаи ДМТsilvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.