ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
    ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ[thumb=left]http://muminobod.tj/uploads/posts/2015- ...
Тақвими хабарҳо;
«     2024    »
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

АЁДАТИ ҚАҲРАМОНЕ, КИ ҶОНИ ХУДРО БАРОИ ҲИФЗИ ВАТАН СИПАР КАРДА БУД
Илова кард: admin24-02-2023, 16:27Асоси
Бо дастури бевосита раиси ноҳияи Муъминобод Шарифзода Лутфия Шариф дар арафаи истиқбол аз 30- солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони масъул аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод ба аёдату табрикоти Фирдавси Маҳмадалӣ рафтанд.
Ҳангоми вохӯрӣ рӯзи Артиши миллиро ба ӯ ва аҳли хонаводаашон аз номи роҳбарият ва тамоми сокинони ноҳияи Муъминобод шодбош гуфта, ҳамчунин кӯмаки яквақтаина, аз қабили маводи хӯрока ба хонаводаи ӯ дастрас карда шуд.
Мавриди зикр аст, ки Фирдавси Маҳмадалӣ яке аз ҷавонони далеру ҷасур ва ватандуте мебошад, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара хизмати Ватан-Модарро сарбаландона иҷро менамуд.
Вале мутаассифона ҳангоми адои хизмат 16 сентябри соли 2022 дар задухӯрдҳои мусаллаҳона аз ҷониби тири душман як пойи худро аз даст додааст.
Новобаста аз ин, ӯ рӯҳафтода нест ва ифтихор мекунад, ки барои ҳифзи марзу буми ин сарзамини аҷдодӣ ҷони хешро сипар кардааст.
Аҳсан ба чунин ҷавонмардони ғаюру ҷасур ва падару модари онҳо.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод мунтазам аз аҳволи онҳо хабар гирифта, минбаъд низ дар доираи захираву имкониятҳо кумаку дастгирӣ менамояд.
 


silvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.