ШИОРИ МО !
Тақвими хабарҳо;
«     2026    »
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
232425262728 
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

Эхтиром ба либоси милли- эхтиром ба таъриху фархангу миллат аст!
Илова кард: admin, 21:16Асоси
Фарҳанги либоспӯшӣ яке аз рукнҳои муҳими ҳувияти миллӣ ва оинаи таъриху тамаддуни ҳар як миллат ба шумор меравад. Либоси миллӣ на танҳо василаи пӯшиш, балки ифодагари ҷаҳонбинӣ, зебоипарастӣ, ахлоқ, одоб ва суннатҳои қадимаи халқ мебошад. Дар ин замина, фарҳанги либоспӯшии тоҷикона миёни занону бонувон дорои мақоми махсус ва арзиши баланди маънавию иҷтимоӣ аст. Занони тоҷик дар тӯли таърих ҳамчун нигаҳдорандагони суннату анъанаҳои миллӣ шинохта шудаанд. Либоси миллии тоҷикона — аз қабили куртаҳои чакан, атласу адрас, тоқӣ, рӯймол ва дигар унсурҳои миллӣ — на танҳо рамзи зебоӣ, балки нишонаи иффат, хоксорӣ ва фарҳанги баланди ахлоқӣ мебошад. Ин либосҳо симои зани тоҷикро боз ҳам нозук, боэҳтиром ва бошукӯҳ менамоянд.Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва таъсири фарҳангҳои гуногун, масъалаи ҳифз ва тарғиби фарҳанги либоспӯшии миллӣ аҳамияти хоса пайдо мекунад. Мутаассифона, дар баъзе ҳолатҳо тақлид ба либосҳои бегона метавонад бо арзишҳои миллии мо ҳамоҳанг набошад. Аз ин рӯ, тарғиби либоси миллӣ на маънои маҳдудият, балки ифтихор аз таърих ва фарҳанги худ мебошад.Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи эҳёи анъанаҳои миллӣ, аз ҷумла фарҳанги либоспӯшии тоҷикона, таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамоянд. Қабули санадҳои меъёрӣ, баргузории озмунҳо, фестивалҳо ва чорабиниҳои фарҳангӣ гувоҳи он аст, ки либоси миллӣ ҳамчун ҷузъи муҳими фарҳанги миллӣ мавқеи устувор дорад.Нақши занону бонувон дар ин раванд бисёр муҳим аст. Онҳо метавонанд бо интихоби дурусти либос, риояи одобу фарҳанги миллӣ ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи худшиносӣ ба ҳифзи арзишҳои миллӣ саҳми арзанда гузоранд. Либоспӯшии тоҷикона бояд ҳамзамон ҳам суннатиро нигоҳ дорад ва ҳам ба талаботи замони муосир мутобиқ бошад. Дар фарҷом мехоҳам таъкид намоям, ки фарҳанги либоспӯшии тоҷикона — ин ифтихори миллӣ, рамзи зебоӣ ва нишонаи тамаддуни куҳан аст. Ҳифз ва гиромидошти он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди ватандӯст, бахусус занону бонувон мебошад. Бо эҳтиром ба либоси миллӣ мо на танҳо худро, балки миллат ва давлати худро муаррифӣ мекунем. Мирзобаротзода Салохиддин Муовини раиси нохияsilvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.