Дар мулоқот муовини раиси вилояти Хатлон Абдулло Раҳмонзода, муовинони раиси ноҳия, инчунин роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, фаъолону имомхатибони ноҳия ширкат доштанд
Зимни суханрониҳо иброз гардид, ки 16 декабри соли 2025 Паёми навбатии муњтарам Эмомалӣ Раҳмон, Пешвои миллат, ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид.
Таъкид шуд, ки дар Паёми соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон гардида, дар ин замина масъулияти ҳар як шаҳрванд ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои созандагӣ дучанд мегардад. Гуфта шуд, ки мо дар остонаи ҷашни бузурги миллӣ - 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем ва бояд онро бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил намоем.
Ҳамзамон дар мулоқот масъалаҳои муҳими рӯз, аз ҷумла тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ бо усули «Хона ба хона», пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба гурӯҳҳои ифротгаро, тарғиби арзишҳои миллӣ, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ, инчунин боло бурдани масъулияти шаҳрвандӣ матраҳ шуданд.
Зимни баромади хеш, муовини раиси вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло аҳли ҷамъомадро ба фаъолияти самаранок ва дастгирии сиёсати давлатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъват намуд. Ӯ ба масъалаҳои калидӣ, аз ҷумла рушди кишту кор, захираи дусолаи ғизо, истифодаи оқилонаи замин ва ободонии ноҳия таваҷҷуҳ кард. Муовини раиси вилояти Хатлон афзуд, ки ҳар як сокини ноҳия бояд ба сарфакорона истифода бурдани неруи барқ, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва рушди худшиносиву худогоҳии миллӣ саҳм гузорад.
Ҳамчунин, дар баромади хеш ӯ ҳушдор дод, ки бояд ҷавонон аз таъсири гурӯҳҳои ифротӣ ва таълимоти ғайрирасмии динӣ ҳифз карда шаванд, фаъолиятҳои ғайриқонунӣ дар масҷидҳо ҷиддан назорат карда шаванд ва риояи қонунҳои миллӣ дар маркази диққат қарор гирад.
Муовини раиси вилояти Хатлон дар баромади худ таъкид намуд, ки истифодаи усули «Хона ба хона» яке аз роҳҳои муассир барои расонидани паёми давлату Ҳукумат ба ҳар як оила буда, он метавонад дар таҳкими суботи ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсӣ ва пешгирии падидаҳои номатлуб нақши муҳим бозад.
Дар фарҷом Раҳмонзода Абдулло оид ба омодагии ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳозиринро ба фаъолона иштирок намудан дар корҳои ободонӣ, созандагӣ ва риояи анъанаҳои миллӣ даъват намуда қайд гардид, ки саҳми ҳар як сокин дар рушди ноҳия ва таҷлили арзишҳои миллӣ метавонад ояндаи шукуфониро таъмин намояд.
silvenpsp.rusferurezki.ru