МУЪМИНОБОД: ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ НИТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ НОҲИЯИ МУЪМИНОБОД ДАР СЕМОҲАИ АВВАЛИ СОЛИ 2025
МУЪМИНОБОД: ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ НИТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ НОҲИЯИ МУЪМИНОБОД ДАР СЕМОҲАИ АВВАЛИ СОЛИ 2025
Имрӯз, 17.04.2025 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод мутобиқ ба рӯйхати тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон аз 7 апрели соли 2025 маҷлиси ҷамъбасти натиҷаҳои тараққиёти иҷтимоию иқтисодии соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия дар семоҳаи аввали соли 2025 баргузор гардид.
Дар кори маҷлис муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳ, мудирони шуъба ва бахшҳо, раисон ва кормандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳо,хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоавӣ , намояндагони занон,ҷавонон корхонаҳои саноатӣ, директорони муассисаҳои таълимӣ, сардухтурони бунгоҳҳои тиббӣ, марказҳои саломатӣ, имомхатибон, мақомотҳои худфаъолияти ҷамъиятии кӯча ва деҳаҳо ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.
Ҳамчунин дар кори маҷлиси имрӯза намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Музофиров Ҳамзаалӣ Ғуломович - муовини прокурори вилояти Хатлон, мушовири адлияи дараҷаи 3 иштирок доштанд.
Рӯзномаи маҷлис аз як банд "Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои тараққиёти иҷтимоию иқтисодии соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳияи Муъминобод дар семоҳаи аввали соли 2025" иборат буд, ки вобаста ба он муовини раиси ноҳия Абдураҳим Зарифӣ ахборот манзури ҳозирин гардонид.
Ахбороти муовини раиси ноҳия Абдураҳим Зарифӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои тараққиёти иҷтимоию иқтисодии соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳияи Муъминобод аз ҷониби аҳли толор пазируфта гардида, сипас намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Музофиров Ҳамзаалӣ Ғуломович - муовини прокурори вилояти Хатлон, мушовири адлияи дараҷаи 3 ба суханрони баромада оид ба самту соҳаҳое, ки фаъолияташон дар давоми 3 моҳи аввали соли 2025 ғайриқаноатбахш буд, ба масъулин ҷиҳати иҷро ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар соҳаҳои мухталиф супоришҳои қатъи дод.
silvenpsp.rusferurezki.ru