ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
    ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ[thumb=left]http://muminobod.tj/uploads/posts/2015- ...
Тақвими хабарҳо;
«     2024    »
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

Эҳдо ба Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ- Пешвои Миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эҳдо ба Асосогузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ- Пешвои Миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

То наорам тоҷики саргаштаро бар кишварам,
То насозам пок агар ман ашкҳои модарам.
То нагардад ҳамқадам бо зиндагонӣ хоҳарам,
То нагирам ман ба оғуш акаҳои додарам.
Ман зи насли Рӯдакиву Оли Сомон нестам,
Ман наку фарзанди ту, эй Тоҷикистон, нестам.
То насозам ҷамъ агар қавми парешонгаштаро,
То насозам баста бо ҳам ҳарду нӯги риштаро.
То нагардам асо ҳар қомати хамгаштаро,
То насозам борвар ман донаҳои киштаро.
Ман зи насли Рӯдакиву Оли Сомон нестам,
Ман наку фарзанди ту, эй Тоҷикистон, нестам.
То садои танкро хомӯш насозам дар Ватан,
То насозам кишварамро боғу гулзору чаман.
То нагардад ворисонаи зеби ҳар як анҷуман,
То насозам ифтихор андар ҳама ҷо бо Ватан.
Ман зи насли Рӯдакиву Оли Сомон нестам,
Ман наку фарзанди ту, эй Тоҷикистон, нестам.
То насозам ҳайкале бо Оли Сомон дар Ватан,
То нагирам захмҳои пушти Айнӣ аз бадан.
Тоҷиконро чун Ғафуров қадр кардан қарзи ман,
То набардорам баланд қадри сухандону сухан.
Ман зи насли Рӯдакиву Оли Сомон нестам,
Ман наку фарзанди ту, эй Тоҷикистон, нестам.
То насозам ҳамқадам ман Рашту Хатлони туро,
То бардорам баландтар ман Бадахшони туро.
То насозам зарфишон Вахшу Зарафшони туро,
То набахшам ман даво ҳар дарду дармони туро.
Ман зи насли Рӯдакиву Оли Сомон нестам,
Ман наку фарзанди ту, эй Тоҷикистон, нестам.silvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.