ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ Имони пок инсонҳои худоҷӯйро ба...
Тақвими хабарҳо;
«     2024    »
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

Варзиш МУШКИЛЕ НЕСТ, КИ ОСОН НАШАВАД
Бо шукргузорӣ аз истиқлолият ва ваҳдати комилу сар- тосарии давлат, ноҳия дар радифи дигар дастовардҳои замон бо дастгириҳои бевоситаи Пешвои арҷманди миллат дар қатори дигар инфрасохторҳои ичтимоӣ соҳиби варзиш-гоҳи ба талабот мувофиқи замонавӣ гардид. Дар бораи варзишгоҳ ҳар қадар суханони муносибу хушҳолкунанда арз намоем дар шароити рӯз кам аст. Шаш дарвозаи даромаду баромад, минбари барњавои зебо, ҳафт ҳазору панҷсад љойи нишаст, хонаҳои тағйири либос, роҳрав барои дав, муҳим аз ҳама майдони ҳамешасабзи бозии футбол, даҳҳо иншоотҳои дигари хизматрасон ва табиати зебою дилфиреб ҳаваси ҳар меҳмону тамошобинро тасхир месозад.
26 апрел барои мардуми ноҳия, кулли ҳаводорону мухлисони варзиш, ки аз ќадимулайём мардуми мо нерусанҷї ва сабќат намуданро ҳаводорӣ ва парастиш мекунанд хотирмону фаромӯшнопазир боқӣ монд.
Бештар аз чор ҳазор ҳаводорони футбол бо як ҷаҳон орзу вориди майдон гардиданд. Жола ва шохнамҳои даргузар, ки хоси табиати Муъминобод аст, аз болои майдон гузашта абрпораҳои жолаовари дигарро бо худ бурданд ва майдонро ҷилои тозатаре ато карданд.
Мухлисони варзиши рақами яки ҷањон-футбол, раиси ноҳия Амиршозода Тоҳирхон Темур ва ҳамроҳонашро бо оҳанги хушҳолию қадршиносӣ истиқбол гирифта, кафкӯбӣ намуданд. Раиси ноҳия бо ҳисси баланди ифтихор аз саодати рӯзгор мардумро бо доштани чунин варзишгоҳ муборакбодӣ баён дошта, ба дастаи «Шоҳин» парвози баланд ва ба «Сарҳадчӣ»-и ноҳияи ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ сарҳади бегазандро орзу намуда, ба китоби таърихи варзишгоӣ соядаст гузошт.

Раиси федератсияи футболи вилоят Исроил Шарифов ба ҳарду даста бозии аҳлона хоста, бори дигар беназир будани варзишгоҳро дар минтаќа ва вилоят ёдрас намуда, нигоҳдорӣ ва устувории онро аз мардум дархост кард. Бо даъват ва садо додани Суруди миллӣ, ба ифтихори варзиш-муаррифгари миллат Парчами давлатии Чумҳурии Тоҷи-кистон аз тарафи собиқадорони футбол боло бардошта шуд. Раиси ноҳия ва раиси федератсияи футболи вилоят бо садои ҳуштаки довари марказӣ тӯбро ба бозӣ дароварданд. Бозии футбол расман оѓоз карда шуд. Аз дақиқаҳои аввал бозингарони дастаи «Шоҳин» зимоми бозиро сад дар сад дар ихтиёри худ гирифтанд. Мухлисон бо нидои шодӣ аз ҷараёни бозӣ бо маром ва қаноатмандӣ кафкӯбӣ мекарданд, шояд аз бозӣ розӣ буданд.
Лаҳзае чанд бозингарони ҳариф бо ҳучуми начандон қавї тӯби аввалинро вориди дарвозаи соҳибони майдон намуданд. Ин туб аз иштибоњ ва фориѓболии сад дар сади дарвозабони асосии «Шоҳин» Мирзохӯља Файзуллоев дарак дод. Бо сар додани як тўб бозингарони дастаи «Шоҳин» сари калоба гум карда, ноустувории рӯњии хешро нишон дода, ғалатҳо пайи ѓалатро ба вуљуд оварданд. Ноустувории рўњии дастаро истифода намуда, њарифон туби дуюмро вориди дарвозаи «Шоњин» намуданд. Боз ноумедї ва шикастарўњии зиёдтар њайати дастаро думболагир гашт. Кўшишњо бенатиља пушти сар шуданд. Ќисми аввал бо натиљаи 2 бар 1 ба фоидаи мењмонон анљом пазируфт ва дастањо ба танаффус баромаданд.
Аввали ќисми дуюми бозї бо бартарии мењмонон љараён гирифт. Њуљумњои пай дар пайи мењмонон самар оварда, њисоби бозї 3 бар 1 шуд. Мењмонон аз натиља ќаноатманд гашта, ба вайрон кардани ќоидаи бозї дар љаримагоњї худ роњ доданд ва довари марказии майдон Фурќат Мирњайдаров зарбаи љаримавии ёздањметра таъин кард. Бозингари мизбон Эмомалии Алиљон љаримаи ёздањ-метраро ба њадаф расонид. Мухлисон њамагї ањсан гуфтанд. Њисоб 3 бар 2. Аз чунин ранг гирифтани бозї соњибони майдон каме ба худ омада, комбинатсияи бозиашонро дигартару ќавитар намуданд. Умед ба мусовї кардани бозии аввалини таърихї боло гирифт ва дар ќалби мухлисону њаводорони «Шоњин» шуълаи умед аланга зад.
Мухлисон умед доштанд, ки мизбонон тўби сеюми худро бе дудилагї вориди дарвозаи мењмонон месозанд, вале нашуд, ки нашуд ва аксуламал сурат гирифт.
Мењмонон туби чоруми дастаашонро вориди тўри дарвозаи соњибони майдон сохтанд. Њисоб 4 бар 2.
Кори дарвозабони ивазшудаи соњибони майдон омад накард. Њарду дарвозабон дар маљмуъ дутубї сар доданд. Аз иваз кардани дарвозабон ба иллати бозии ноањлонаи њимоятгарон, нимњимоятгарон ва бозингарони марказї натиља бадтар гардиду нек нашуд.
Хайрият, ки дар даќиќањои иловагии бозї бозингари дастаи «Шоњин» туби 3-юмро вориди дарвозаи мењмонон гардонид. Натиља 4 бар 3 ба нафъи мењмонон. Шояд дар назари аввал натиља ќаноатмандкунанда бошад, вале њаргиз ин тавр нест.
Чаро, ки соњибони майдон бартарафї ва имкони бештар доштанд, вале рўњияи «пароканда лашкар» њамаи бозингарони дастаро фарогир буду њар кадом барои худу обу рўи худ љањд дошт. Бозии даставї танњо дар панљ шаш даќиќаи ќисми охир зуњур кард.
Капитани даста аз идоракунии даста, ташкили бозии дањнафараи њамдастагон ба хубї набаромада, ба тўбу ба худ бозї карданро авлотар донист. Андешањои баёнгардида эрод набуда, маслињати дўстона ба дастандаркорони дастаи «Шоњин» аст.
Зеро мухлисону њаводорони футбол аз бозингарони дастаи «Шоњин» умедњои калон доранд. Барои ба њадаф расидан мураббии кордону масъулиятшинос, бозингарони иродаи матиндошта ва дастгирию сарпарастї соњибзавќ зарур аст. Бозињои љолибу завќовар дар пешанд. Дар ур-фият мегўянд «Чўљаро тирамоњ мешуморанд». Ваќт довари њаќбин аст. Мусобиќоти лигаи дуюми футболи вилоят низ анљом дорад. Оќибаташ ба хайру шодї бошад.

Раљабалї Табарзодаsilvenpsp.rusferurezki.ru
464311165773

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.
Скачать кино шаблоны dle и обязательно Джон Картер Смотреть онлайн бесплатно, а ещё все скачать драмы бесплатно на сайте