ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
    ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ[thumb=left]http://muminobod.tj/uploads/posts/2015- ...
Тақвими хабарҳо;
«     2024    »
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

МУБОРИЗА БО ТЕРОР
Илова кард: adminn26-12-2019, 14:43---

Тарбия аввалан дар хона ибтидо мегирад ва баъдан дар мактаби миёна ва олӣ рушд ёфта, дар ниҳоди наврасону ҷавонон заминаи ташаккули шахсиятро мегузорад. Омӯзгоронро лозим аст, ки шиори "Омӯзгор-мубаллиғи мубориза бо терор,,-ро сармашқи кори худ қарор диҳанд ва дар дарсҳои тарбиявию чорабиниҳои дигари мактаб зидди ин вабои аср садо баланд намоянд.

Мо аҳли Тоҷикистон шукрона аз он бояд кунем, ки давлати соҳибистиқлол дорем. Аз ҳама муҳимаш озод ва дар фазои сулҳу суботи миппӣ осуда зиндагӣ мекунем. Ақлу хирад ва сёсату мафкураи ояндасозашон таҳти сарварии марди оқилу хирадманд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боло рафтаасту талошҳоямон барои пешрафти иқтисодии мамлакат ва ободонии диёр самараҳои хуб дода истодааст.

Устодони азиз хуб донанд, ки эҳсоси худшиносии бача дар мактаб аз тарафи муаллим бедор карда мешавад. Бо назардошти ин мо омӯзгорон масъул ҳастем, ки дар дарсҳоямон эҳсоси худшиносии миллиро дар онҳо тарбия карда тавонем . Ҳарчанд, ки насли имрӯзаи мактабхонамон он рӯзҳои пурдаҳшатро надидаанд, мо тавассути фитта ва мақолаҳову суҳбатҳо чеҳраи аслии ҲНИТ-ро ҳамчун ҳизби террористию ифротгаро ба онҳо нишон дода метавонем. Таърихро донистааз он хулоса баровардан беҳтарин роҳ аст ба сӯи худшиносии миллӣ ва ифтихори миллӣ.

 

 

Мушовири шуъбаи маориф: С Муқимов.

 

silvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.
Скачать кино шаблоны dle и обязательно Джон Картер Смотреть онлайн бесплатно, а ещё все скачать драмы бесплатно на сайте