ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
    ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ[thumb=left]http://muminobod.tj/uploads/posts/2015- ...
Тақвими хабарҳо;
«     2024    »
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

ИМТИЁЗҲО АЗ ҶОНИБИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА СОҲИБКОРОН ДОДА ШУДААСТ
   Бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ, дар навбати худ, барои ташаккули табақаи миёнаи аҳолӣ заминаи мусоид фароҳам оварда, дар маҷмӯъ тараққиёти босуботи иқтисодии кишварро таъмин менамояд. Умуман соҳибкорон бо заҳмати пайвастаи софдилона метавонанд ҳамчун як нерӯи тавоно тамоми мушкилотро бартараф созанд, нақшаю ниятҳои худро ба хотири шукуфонии Ватан, рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар ва ғани гардидани буҷети давлатро иҷро намоянд. Дар доираи иҷрои пешниҳоду супоришҳои Раиси Ҳукумат аз 1-январи соли 2013 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав мавриди амал қарор гирифт.
      Ин сиёсат албата дар баробари таъмини даромади буҷети давлат, инчунин ба навсозии иқтисодиёт, рушди сармоягузорӣ, воридоти технологияҳои ҳозиразамон, таъсиси корхонаҳои нав, муҳаё сохтани ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ ва зиёд намудани иқтидори содиротии мамлакат мусоидат карда истидааст. Ҳангоми воридоти молҳо, ки бевосита барои эҳтиёҷоти соҳибкорон лозим аст аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод шаванд.
       Ҷиҳати дастгирии давлатии истеҳсолкунандагони ватанӣ меъёри андоз аз фоида барои фаъолият оид ба истеҳсоли молҳо аз 1-январи соли 2017-ум 13 фоиз муқаррар шудааст, ки нисбат ба дигар намуди фаъолият 10 фоиз паст мебошад. Ба Кодекси андоз тағйирот ворид карда шуд, ки мувофиқи он барои соҳибкорони хурд ҳадди даромад дар низоми махсуси андозбандӣ аз 500 ҳазор сомонӣ то ба 1 миллион боло бурда шуд.
        Ба замми Кодекси андоз мувофиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-майи соли 2017 №1423 тағйиру иловаҳо ворид карда шуд, ки даромадҳо аз фаъолияти сайёҳӣ ба муҳлати 5-сол аз санаи бақайдгирии давлатӣ аз андоз аз фоида озод карда мешавад. Инчунин соҳибкороне, ки ба парвариши парранда сару кор доранд ба муҳлати 6-сол ба истиснои андоз аз даромади шахсони воқеӣ ва андози иҷтимоӣ аз дигар пардохтҳои андоз озод карда мешаванд.
        Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 2017, №45 ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2012, №451 "Дар бораи тасдиқи қоидаҳои андозбандии соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент ё шаҳодатнома фаъолият менамоянд" тағйиру иловаҳо вирид гардид.
       Аз ҷумла бо мақсади ҳавасманд гардонидани соҳибкорони инфиродӣ дар асоси патент фаъолияткунанда ва ҷиҳати сари вақт ворид гардидани маблағи патент, тибқи банди 4-илова гардида соҳибкорони инфиродие, ки маблағи патентро барои 3 моҳи тақвими минбаъда пешпардохт менамоянд маблағи умумии пардохт барои патент ба андозаи 10 фоиз кам карда мешавад. Номгӯи шаклҳои фаъолияти соҳибкорие, ки ба намудҳои камдаромади фаъолият мансуб ҳастанд аз пардохтҳои патент озод карда шудаанд;
      - фурӯши гиёҳҳои худрӯи шифобахш, дуғоб, ғулингоб, чой ва донаи офтобпараст дар кӯча, фурӯши рӯзномаю маҷалаҳо тақвиму китобҳо дар кӯча, фурӯши молҳои каблан дар истеъмол буда, чаронидани чорво, таъмиру тоза кардани пояфзол берун аз бинои статсионарӣ, телефони кӯчагӣ, нигоҳубини пиронсолон, беморон ва кӯдакон, кашонидани бор ба воситаи ароба дар кучаю бозорҳо, шустушӯи воситаи нақлёт дар кӯча, қабрканҳо (гурканҳо), дар деҳотҷойҳо амалӣ намудани фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои бадеии халқӣ ва маҳсулоти бофташуда (пашмӣ, намадӣ, пахтагӣ, абрешимӣ, гулдузӣ, зардӯзӣ) дар деҳотҷойҳо ба роҳ мондани омӯзиши ҳунарҳои миллӣ (Дузандагӣ, Бофандагӣ, Риштабофӣ, газворбофӣ, дуредгарӣ, кандакорӣ, рассомӣ, рангу боркунӣ ва наққошӣ) дар маҷмӯъ.
     Тибқи тағйиру иловаҳои воридгардида 106 номгуи намуди фаъолият оид ба иҷроли кор, хизматрасонӣ, истеҳсол ва фуруши молҳои ниёзи мардум, ки дар хона бе коргари кироя сурат мегирад, аз пардохти ҳакмаи намуди андоз озод пешбинӣ гардидаанд.
      Аз 15-уми январи соли 2019, №1181 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйир бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 январи соли 2018 ба имзо расид.
      Тибқи фармони мазкур ба ҳамаи намуди санҷишҳои фаъолияти субектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то январи соли 2021 мароторий эълон карда шавад  

 

 
иттилоъ аз Мудири Бахши сармоягузорӣ ва
идораи амволи давлатии ноҳия
silvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.
Скачать кино шаблоны dle и обязательно Джон Картер Смотреть онлайн бесплатно, а ещё все скачать драмы бесплатно на сайте