« 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
1 | ||||||
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 |
Ҳидояти Пешвои миллат !
Ватанро сидқан бояд дуст дошт !
Хатсайри ноҳия!
Соли 1979, ҳанӯз ҲНИ нав таъсис меёфт. Роҳбари аввалаи ин ҳизби айни ҳол дар Тоҷикистон мамнуъ, марҳум С.А.Нурӣ, ки дар атрофии худ аз ҳисоби сокинони собиқ вилояти Қурғонтеппа ва маҳалли зисташ-совхози Туркманистон як қатор ҷавононро ҷамъ оварда буд, ба шумор мерафт. Дар ҳақиқат С.А.Нурӣ аз аввал мехост бо ҷалби як қатор руҳониёни собиқ вилояти Қурғонтеппа, ки решаи онҳо аз минтақаи Вахиё буданд, ба ҲНИ рушду нумӯъ бахшад. Барои ин амалҳо марҳум С.А.Нурӣ ҷавононро бештар дар атрофии худ ҷамъ оварда, бо баҳонаи додани таълимоти динӣ, ба онҳо дарсҳои идеологӣ низ медод.
Рӯзе С.А.Нурӣ ба шогирдони ҷавононаш бобати бурдани корҳои назоратӣ аз болои кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, нозири минтақавӣ, кормандони амният, кормандони идораи ҷамоат ва дигар мақомотҳои давлатӣ супориш дода, ба онҳо таъкид намуд, ки бояд сари ҳар қадами ин гуна одамонро мавриди назорати ҷиддӣ қарор дод. Чунки, ин гуна одамон метавонанд ба машғулиятҳои динӣ, ки ба таври ғайриқонунӣ ва пинҳонӣ дар хонаи марҳум С.А.Нурӣ сурат мегирифт, монеагиҳо пеш наоранд. Ҳамин тариқ С.А.Нурӣ то соли 1991 ба шогирдонаш таълимоти динӣ-идеологӣ омӯзонида, онҳоро дар руҳияи барпо кардани давлати «Исломӣ» омода мекард.
Бо омода кардани шахсони баромадкунанда ва ё ба қавле «араторҳо»-и динӣ, яъне шогирдони С.А.Нурӣ омода шуда, барои барпо кардани гирдиҳамоиҳо ва баромад кардан дар назди издиҳоми одамон ба пуррагӣ тайёрии ҷиддӣ медиданд. Моҳи феврали соли 1992 дар ш.Душанбе ва собиқ вилояти Қурғонтеппа бо ибтикори собиқ ҲНИ гирдиҳамоиҳо сар шуда, дар пойтахти мамлакат ду майдон, яъне майдони «Озодӣ» ва майдони «Шаҳидон» ташкил карда шуд. Дар майдони «Шаҳидон» марҳум С.А.Нурӣ шогирдонашро дастуру тавсияҳо дода, гоҳ гоҳ худаш низ баромадҳо мекард. Дар баромадҳояш аслан бобати «ҷиҳод» кардан мардумро ба майдони ҷанг даъват карда, мақсаду маромашон дар Тоҷикистон таъсис додани давлати «хилофат» буд.
Хонандаи гиромӣ ин гуфтаҳоро албатта аз дигар рӯзномаву маҷаллаҳо ва ё сӯҳбатҳо бо шоҳидони ҳол бохабар бошанд. Аммо, камина низ яке аз собиқ шогирдони марҳум С.А.Нурӣ маҳсуб ёфта, дар ин бора ва дигар ҳолатҳое, ки С.А.Нурӣ ба шогирдони руҳонияш медод, бохабар ҳастам.