ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ Имони пок инсонҳои худоҷӯйро ба...
Тақвими хабарҳо;
«     2022    »
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

ПЕШВОИ МИЛЛАТ- КАФИЛИ УСТУВОРИИ СИЁСИИ ТОҶИКИСТОН
Илова кард: admin11-08-2022, 16:25Асоси
ПЕШВОИ МИЛЛАТ- КАФИЛИ УСТУВОРИИ СИЁСИИ ТОҶИКИСТОН Таърих гувоҳ аст, ки дар ҳифзи истиқлоли давлатӣ, наҷоти давлатдории миллӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ нақши Пешвои миллут муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон калидӣ аст. Дар давраи душвортарин ва сарнавиштсози давлату миллат ба сари ҳокимияти омадани Пешвои миллат худ ҳадяи бузург ва толеъи баланди миллати ранҷдидаи тоҷик буд. Дар ҷаҳони муосир, ки ҷаҳонро хатару таҳдидҳои нав ба нав дунболагирӣ доранд,таъмини устувории сиёсӣ ва ҳифзи субот дар давлат кори осон нест. Бояд қайд намуд, ки раванди таъмини усувории сиёсӣ ба фаъолияти сарвари сиёсӣ вобастагии ногусастанӣ дорад. Маҳз роҳбари сиёсӣ аст, ки тавассути фаъолияти ҷудонопазир аз хирад, сиёсат, ҷасорат ва ҳувиятсози худ масири пурпечутоби таърихро тай намуда, давлату миллатро ба саодат ва ормонҳои бузурги миллӣ мерасонад. Ҳамин аст, ки таърихи миллатҳоро тарҷумаи ҳоли шахсиятҳои бузургашон ҳифз ва муаррифӣ менамоянд. Аз таърихи сиёсии Тоҷикистон маълум аст, ки раванди ҳифзи истиқлол ва таҳкими он дар кишвар, ба низоми муайяни рушд даровардани системаи сиёсии давлат ва ба марҳалаи рушди устувор ворид гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон пайвастагӣ ба фаъолияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари ба даст овардани истиқлоли сиёсӣ ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор гардид ва ин ҷанги таҳмилӣ омили фалаҷ гардидани сохтори сиёсӣ, нобуд гардидани низоми идоракунӣ ва инкишофи бисёрҳокимиятӣ дар давлат гардид. Дар чунин раванди ҳассос муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вуруди худ ба саҳнаи сиёсати давлати тоҷикон ҳамчун абармард, шахсияти мардумӣ, худогоҳ ва сулҳофар тавонист дар як муддати аз нигоҳи таърихӣ начандон тулонӣ сулҳу ваҳдатро дар мамлакат барқарор намуда, низоми муайяни идоракуниро рушд диҳад. Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои миллат ба дастовардҳои бузурги миллӣ ноил гардида, дар сиёсати ҷаҳонӣ ва ҳалли муаммоҳои глобалӣ ҳамчун давлати ташаббускор муаррифӣ шудааст. Маврид ба зикр дар марҳалаи даргириҳо ва авҷи моҷароҳо дар мамлакат ва ҳамзамон дастгирӣ ёфтани нерӯҳои бадхоҳ аз ҷониби қудратҳои хориҷӣ барқарор намудани сулҳу ваҳдати миллӣ кори мушкил буд. Ҷонфидоӣ, талошҳо ва ҷасорати Эмомалӣ Раҳмон омиле гардид, ки суботу ҳамгироии миллӣ дар давлат барқарор гардида, ваҳдати миллӣ тантана ёфт. Имрӯз дар фозои субот, ҳамгироӣ ва ваҳдату якдилӣ рушд намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон самараи фаъолияти сулҳофаринии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳифз намудани сулҳу ваҳдат ва бартараф намудани хатару таҳдидҳо масъалаи таҳким ва пойдор намудани ваҳдати эҳёгардида бунёди нақб ва бозсозии роҳҳои мошингардро оғоз бахшид. Бунёди нақбҳо ва азнавсозии роҳҳои мошингард дар он замони душвор фалсафаи худро дошт. Агар аз як тараф бунёди нақбу роҳҳо омили баромадан аз бунбасти коммуникатсиониро ташкил менамуд аз тарафи дигар заминаи муҳимми таҳким ваҳдати миллӣ гардид. Сангарҳои табиат, ки сабаби маҳдуд гадидани муносибатҳо байни минтақаҳо буданд, бартараф карда шуданд. Тоҷикистон ҳамчун давлати воҳид ба марҳалаи нави инкишоф ворид гардид. Инчунин, бояд зикр кард, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи таҳкими сулҳ масъалаҳои рушди устувори давлатро дар барномаи миллатмеҳвари худ қарор додаанд. Ҷиҳати ҳалли муаммоҳои мазкур дар ҷумҳурӣ корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ ташкил ва бозсозӣ гардида, соҳаи кишоварзӣ рушд дода шуд. Ҳамчунин, дар мамлакат як қатор нерӯгоҳҳои барқии обӣ бунёд карда шуданд, ки ҳам амнияти энергетикии мамлакатро таъмин намуданд ва ҳам дар пешрафти корхонаҳои саноатӣ мусоидат намуданд. Махсусан, бунёди Нерӯгоҳи барқии обии Роғун ва ба истифода додани ду чархаи он, яке аз муҳимтарин фаъолияти таърихии Роҳбари давлат баҳогузорӣ карда мешавад. Ин воқеиятест, ки инкорнашаванда аст. Доираҳои фикрӣ гувоҳанд, ки нақшаи бунёди НБО Роғун-ро ҳанӯз давлати абарқудрати Шӯравӣ роҳандозӣ намуда, ба анҷоми сохтмони ба он натавонист ноил гардад. Ин ормон ва ҳадафи миллӣ маҳз бо талош ва фаъолияти муҳтарам Эмомлаӣ Раҳмон амалӣ гардида истодааст. Имрӯз дар натиҷаи чунин ҷасорату талошҳои сарвари сиёсии тоҷикон мардум соҳиби зиндагии шоиста гардида, давлат марҳилаи рушди устуворро фаро гирифтааст. Пешвои миллат дар таърихи давлатдории миллати тоҷик рамз ва мактаби бузурги сулҳу ваҳдатофарӣ ва некхоҳиву накўкориро бунёд гузошт. Маҳз бо саҳми беназири ин шахсият, марди ҷасур ва соҳибхираду тавоно Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо дар кишвари тоҷикон сулҳу субот тантана кардаву роҳ ба сӯи ободкорию созандагиҳо гирифта шуд, балки номи давлату миллати тоҷик бо пешниҳодоти пуразиши ин сиёсатмадори варзида шуҳраи олам гардид. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо саъю талошҳои миллату ватандўстонааш, бо ҷасорати бемислаш на танҳо ҷанги бемаънии шаҳрвандиро хотима бахшид, балки баҳри баратараф кардани мушкилоти ҷаҳонӣ-пешгирии хатарҳои экстремистию террористӣ, ки ҷаҳонро ба коми нобудӣ мебарад, ҳамчунин баҳри ҳифзи захираҳои оби сайёра ва бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин намудани сокинони он аз минбари баланди Созмони Миллали Муттаҳид садо баланд кард. Ҳамин тавр, имрӯз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи олии устувории давлати милли тоҷикон аст. Муттаҳидӣ ва пайраӣ кардан аз сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат кафили пешрафти давлат, таъмини зиндагии шоистаи мардум ва пойдории сулҳу ваҳдат аст. Сайф Девонсолор, муҳаққиқи илмҳои сиёсӣsilvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.