| « 2025 » | ||||||
|---|---|---|---|---|---|---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
| 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
| 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
| 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
| 29 | 30 | 31 | ||||
Ҳидояти Пешвои миллат !
«…Мардуми Муъминобод Шумо аз ин манзараҳои нотакрор, обҳои сарду дармонбахши чашмаҳо, боду ҳавои форам, заминҳои зархезу серҳосил, боғоти сермеваи шаҳдбор шукрона кунед. Шукрона кунед, ки Худованд ҳамаи муъҷизоти оламро дар ин макон бебаркаш ато кардааст. Дар замони шуравӣ ва пасошуравӣ ҷаҳонро гаштаму дидам. Маконеро пайдо кардан душвор аст, ки чун Муъминобод чор фасли сол зебогиҳои бемислу нотакрорро доро бошад».
Ватанро сидқан бояд дуст дошт !
Санаи 29-майи соли 2019 дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур вохӯрии раиси ноҳия муҳтарам Амиршозода Тоҳирхон Темур бо магистрантону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар доир гашт. Раиси ноҳия зимни мулоқот таъкид дошт ки бо ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат ин сарзаминро ки исмаш Тоҷикистон аст, фақат мутахассисони донишҳои сатҳи баланд дошта ва ватандӯсту ватанпарвар обод карда метавонанд. Хоҳиш мекунам, ки донишҳои пешрафтаи замонро аз бар кунед., мутахассисони варзидаи соҳа бошед, зеро ки ояндаи миллат ба шумо ҷавонони азизу маҳбуби Тоҷикистон вобастаги дорад. Дар охир ба донишҷуёни фаъол туҳфаҳои молию пулӣ ва ифтихорномаи раиси ноҳия тақдим карда шуд.