ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
    ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ[thumb=left]http://muminobod.tj/uploads/posts/2015- ...
Тақвими хабарҳо;
«     2024    »
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин мулоқот намуданд

 

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин мулоқот намуданд

 

ДУШАНБЕ, 28.04.2019 /АМИТ «Ховар»/.

28 апрел дар шаҳри Пекин дар ҳошияи Форуми дуюми ҳамкории байналмилалии сатҳи баланд «Як камарбанд, як роҳ» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин мулоқот карданд.

Дар ҷараёни мулоқот маҷмуъи васеи масъалаҳои ҳамкории шарикии стратегӣ ва муносиботи дӯстию ҳамҷавории Тоҷикистону Чин мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози мулоқот ба роҳбарият ва Ҳукумати кишвари мизбон барои истиқболи самимӣ, даъват ҷиҳати иштирок дар кори Форум изҳори сипос карда, ба ташкили кори ҳамоиши сатҳи баланд баҳои арзанда доданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз имкони вохурии сатҳи олӣ  ҷиҳати баррасии масоили кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба ва мавзуъҳои робитаҳо дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон изҳори қаноатмандӣ карданд.

Таъкид гардид, ки кишварҳои мо муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитариро дар сатҳи баланд ба роҳ мондаанд ва ин имкони татбиқи мувофиқаҳои қаблан ба даст омадаро фарохтар месозад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши Чинро дар рушду тараққиёт, дастгирии татбиқи лоиҳаҳо бо ворид кардани сармояи чинӣ, афзоиши ҳаҷми гардиши мол байни ду кишвар, рушди иқтисоди миллӣ, иҷрои самараноки стратегияи миллии рушд, саноатикунонии кишвари мо ва дигар самтҳои барои ҳар ду ҷониб судовар махсус таъкид карданд.

Сарони давлатҳо таҳкими ҳамгироии пурсамарро дар доираи ташаббуси "Як камарбанд, як роҳ” ба манфиати кишварҳо зарур шумурданд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои воридоти маҳсулоти хушсифат ва аз лиҳози экологӣ тозаи кишоварзии Тоҷикистон ба бозори Чин, ҷалби сармояи чинӣ барои рушди соҳаҳои саноати куҳӣ, энергетика, нақлиёт ва бахши кишоварзӣ, зарурати таъсиси Фонди сармоягузории Тоҷикистону Чин ҷиҳати дастгирии молиявии лоиҳаҳои хурду миёнаи индустриалӣ, ҳамкорӣ дар бахши нақлиётию транзитӣ бо бунёди роҳҳои дорои аҳамияти минтақавӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак оид ба коркарди маъданҳо, баррасӣ карда шуд.

Рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои муҳими маориф, фарҳангию гуманитарӣ ва сайёҳӣ аз мавзуъҳои дигари мулоқот буд, ки сарони давлатҳо вобаста ба он табодули афкори судманд карданд

Дар ҷараёни мулоқот густариши муносибатҳои ҳамкорӣ дар доираи ташкилотҳои бонуфуз, аз қабили СММ, СҲШ ва дигар созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, муҳокима карда шуд.

Ҳар ду ҷониб омодагии худро барои идомаи тадбирҳои муштарак дар роҳи мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир – терроризм, экстремизм, ҷудоихоҳӣ, ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, иброз доштанд.

Барои таъмини амният дар минтақа, аз ҷумла бо дарназардошти фаъол гардидани гуруҳҳои террористӣ дар Афғонистон таҳкими ҳамкорӣ дар ин самт зарур шумурда шуд.

Имсол Ҷумҳурии Мардумии Чин 70 — солагии таъсисёбиашро таҷлил менамояд ва вобаста ба ин Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кишвари дӯсту ҳамсоя шукуфоии бештарро орзу намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин мулоқот намуданд

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин мулоқот намуданд

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин мулоқот намуданд

 

silvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.
Андешаи: Jessenub26 2022 17:15
tadalafil 20mg india in hindi
<a href="https://buycialismthsw.wordpress.com/#">tadalafil 1a pharma 20mg preis</a> cialis 20 mg from canada ic tadalafil 20mg
cialis 20mg us online sale