Ҳидояти Пешвои миллат !
Ватанро сидқан бояд дуст дошт !
Хатсайри ноҳия!
Имрӯзҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қатори кишварҳои рӯ ба тараққӣ дохил шуда,дар байни зиёда аз 200 давлати дунё ҳамчунмакони сулҳу субот эътирофкарда шудааст. Рӯз аз рӯз пойтахи Ватани азизи мо шаҳри Душанбе бо дастгирии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шукуфон гашта ба шаҳри орзӯҳо табдил гаштаистодааст.Ин ободивушукуфоии кишвари азизамонхоинони миллати моро ба хашму ғазаб оварда аст. Соли 2015 фаъолияти Ҳизби Наҳзати Ислом дар Тоҷикистон баста шуда, раиси Ҳизби Наҳзати Исломи мамнуъшуда Муҳиддин Кабирӣ бо азоби виҷдон ва рашку ҳасад аз Ватани ободу ороми худ фирор карда, дур аз Ватан фаъолияти нопоки худро амалӣ намуда истодааст. Ин Худобехабарикафангадо то ба кай ба Ватану миллати худ хиёнат мекарда бошад? ҲНИ, ки аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба гурӯҳои экстремитсӣ,террористӣ дохил карда шудааст ,чун ДОИШ,гурӯҳи 24 ва амсоли онҳо мақсаду мароми нопокдоранд. Яке аз ҳадафҳои асосии муҳими дини мубини Ислом ин роҳнамоӣ намудани инсонҳо барои ҳамзистии осоишта ва некуаҳволӣ,ахлоқи писандида,раҳму шафқат ва дӯстию бародарӣ мебошад.
Вале мутаасифона, имрӯзҳо хоинони миллатҷараёнҳои диние пайдо намудаанд,ки айёну ошкоро барои расидан ба мақсадҳои нопоки худ ва моли дунё ва ҷорӣ намудани афкори хуруфотӣ ва иртиҷоии худ даст ба ҳар гуна фитнаву ошубгарӣ мезананд. Ифродгароӣ ва хуруфотпарастӣ сарчашмаи торикиҳо буда,ба миллат ва мардуми тоҷик танҳо бадбахтиҳо ба бор меорад. Ва барои рушду тараққиёти ҷомеаву давлат монеаи ҷиддӣ эҷод менамояд.Онҳо бо саъю талошҳои худ дар байни мардум дар ибодат ва расму русумҳои мардумӣ тафриқаандозиҳоро ба роҳ монда, тавассути афкори иртиҷоӣ ва хуруфотии худ бо ташвиқу тарғиб намудани баъзе инсонҳои бемаърифат мехоҳанд авзои ороми ҷомеаи моро халалдор намоянд. Баъзе шаҳрвандони ҷоҳилу бесаводи мамлакат ба ин гурӯҳои ифротӣ ва пайравони он пайравӣ намуда,дар гирдоби фитнаҳою ошубҳои онҳо ғутта хӯрдаанд,ки дигар наметавонанд аз он берун шаванд.
silvenpsp.rusferurezki.ru