ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
    ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ[thumb=left]http://muminobod.tj/uploads/posts/2015- ...
Тақвими хабарҳо;
«     2024    »
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

ДАССИСАҲОИ ИҒВОАНГЕЗ МОРО ШИКАСТ ДОДА НАМЕТАВОНАД!
Илова кард: admin14-07-2022, 10:54Асоси
ДАССИСАҲОИ ИҒВОАНГЕЗ МОРО ШИКАСТ ДОДА НАМЕТАВОНАД! ВОКУНИШ. Миллати тоҷик аз қадимулайём таҳти шиканҷаи бегонагон борҳо қарор гирифта буд. Лекин фарҳанги волои миллат, таҳти сарварии фарзандони содиқи Ватан тавонист, ки худро ҳамчун миллати соҳибватан то имрўз нигоҳ дорад. Таҷрибаи башарӣ собит месозад, ки ба озодии комилу истиқлолият расидани ҳар як миллату давлат бе ба даст овардани ваҳдати миллӣ, якдигарфаҳмӣ, меҳр ба Ватану сарзамини худ номумкин мебошад. Донистану омўхтани рукнҳои Ваҳдати миллӣ барои насли имрўзу фардои Ватан бояд муқаддасу ҷовидонӣ бошад. Хушбахтии ин миллату ин сарзамини биҳиштосо буд, ки бо амри тақдир аз рўзҳои аввали Сарвари давлати тозабунёди Тоҷикистон интихоб шудани Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон содиқии худро ба савгандҳои хурдааш дар назди халқу миллаташ исбот ва собит намуд. Тоҷикистонро имрўз мамолики дунё чун давлати воҳиду ягона, соҳибватан, дорои фарҳанги қадиму воло мешиносанд. Дар тули садсолаҳои зиёди таърихии пурфоҷеаи тоҷикон, аввалин бор таҳти сарварии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ба Ватан ва хонаи умеди тоҷикони ҷаҳон табдил ёфт. Ба роҳбарияти ҲНИТ кўмаки молию сиёсӣ расонидани баъзе доираҳои сиёсии беруна дар симои намояндагони низоми сиёсии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба он хотир сурат гирифтааст, ки минбаъд дар минтақа тарҳу барномаҳои махсуси исломӣ қувват гирифта, тадриҷан роҳандозӣ шаванд. Лекин, ошуфта шудани собиқ раиси ҲНИТ М.Кабирӣ, бозичаи дасти хориҷиён гаштанаш ў гоҳ- гоҳ овозихудро аз хориҷи кишвар бароварда, қисме аз муҳоҷирони ҳамватанро думболи худ мекашад. Кабирӣ хуб медонад, ки гуноҳаш дар назди миллат хеле вазнин аст, бинобар ин талошҳояш баҳри сафед кардани зертобеъони маҳкумгаштааш тавассути ташкилотҳои байналмилалӣ ва маблағҳои аз хориҷа ба даст овардааш ўро маҷбур месозад, ки дар байни баҳри беканор дасту почак занад, то ки ғарқ нашуда ба хушкӣ бирасад. Мардуми Тоҷикистон ба идеологияи собиқ ҲНИТ хуб ошно гашт ва пайомадҳои ўро дид. Маълум гашт, ки он идеология ба халқ ҳеҷ чиз дода наметавонад. Ҷуз дурўғу фитна, ошубу ҷанг, вайронӣ ва хориву зорӣ дигар ҳеҷ чиз барояшон лозим нест. Мақсади нопоки онҳо бо роҳи вайрон кардани мафкураи мардум ба даст овардани Ҳукумат мебошад. Аввалан ин нақшаҳои азими сарпастони хориҷиашон мебошад, ки сулҳу суботро дар минтақа вайрон намуда, бо ин амалҳояшон пояи оромиро бишкананд. Лозим ба ёдоварист, ки аз аввали таъсиси ин ҳизб то имрўз дастпарварони собиқ ҲНИ бештар ба дигар мазҳабҳои тундрав гаравиданд. Аксари онҳо имрўз роҳгум гаштаанд. Ватану миллат, падару модар ҳамаро ба маблағҳои ночиз иваз намуда, хоиниро ба гардан гирифтаанд. Аз номи Худо суистифода карда ҳақиқатро бо наҳвҳои дигар пиндоштанд, бегонапарастии динӣ ва сиёсӣ магар шараф аст, ки Наҳзатиҳо бар муқобили халку миллати худ онрораво медонанд. Солҳост шоҳидем, ки дар давлатҳое, ки азҳобҳо ва ҳизбҳои динӣ бо мазҳабҳои худ фаъолияту талоши ба сари қудрат расиданро доранд, дар он давлатҳо факат кашмакашиву ихтилофҳо ҷой доранд. Шаҳрҳо хароб гашта, одамони бегуноҳ мефавтанд. Мардуми мо дар ҳақиқат хоксор ва зудбовар ҳаст, чӣ хеле, ки дар давраи фаъолият доштани ҲНИТ ба хотири ҳизби исломӣ будани «гунаҳкор» нашавем гуфта, ин ҳизби худобехабарро қисме аз одамон дастгириву пуштибонӣ мекарданд. Намедонистанд, ки роҳбарияти ин ҳизб ба хотири расидан ба ҳадафҳои нопоки сиёсии худ аз номи поки дини Ислом пайваста истифода мебурданд ва истофода бурда истодаанд. Ҷашнҳои бошукуҳи мардуми тоҷик аз қабили ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ва Рўзи Ваҳдати миллӣ исбот менамоянд, ки мардуми Тоҷикистон дастгири сиёсати имрўзу фардои Ватананд. Таърих ҳеҷ гоҳ фаромуш намешавад. Ҳар инсоне, ки тафаккури солим дорад, ҳеҷ гоҳ он рўзҳои фоҷеабори миллатро фаромўш намекунад. Наҳзатиҳо ҳоло ҳам беватан дар хориҷи кишвар пуштибонӣ аз Исломро шиори худ намуда, мехоҳанд таҳти ҳамин шиор тоҷикону тоҷикистониёнро бадном намояд ва аз ин ҳисоб соҳиби маблағу сарпаноҳ гашта, ҳаёт ба сар барад. Мо тоҷикон ки мусулмон ҳастем ба хотири эмин нигоҳ доштани якпорчагии марзу буми Ватани хеш бояд ҳушёриву зиракиро аз даст надиҳем. Замину обу ҳавои Тоҷикистонро бо дилу ҷон бояд қадр кунем. Танҳо дар ҳамин замини аҷдодӣ мо худро чун дар канори беғурбати Модар эҳсос менамоем. Ҷумаева Суҳайло Мутахассиси бахши омор КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ.silvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.