ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
    ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ[thumb=left]http://muminobod.tj/uploads/posts/2015- ...
Тақвими хабарҳо;
«     2024    »
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031 
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

Давлати миллӣ сарчашмаи таъмини ваҳдати миллӣ
Илова кард: admin13-06-2022, 10:09Асоси
Давлати миллӣ сарчашмаи таъмини ваҳдати миллӣ Ваҳдати миллӣ ин ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтирому эътироф ва риояи қонунгузории давлат мебошад. Шахсе, ки зиндагиашро дар асоси меъёрҳои конститутсионии давлат месозаду пеш мебарад, пайваста арзишҳои ваҳдати миллиро миёни ҳамватанонаш таҳкиму ташвиқ мекунад. Чун заминаи мустаҳками ваҳдати миллӣ ин суботу амният ва оромиву осудагии давлату миллат ба ҳисоб мераванд. Таърих гувоҳ аст, ки ин ваҳдати фарогири миллӣ байни шаҳрвандон ва суботу амнияти кишвар муфт ба даст наомадааст. Барои офаридану мустаҳкамии ваҳдати миллӣ миллионҳо ҳамватанони мо ва шахсиятҳои миллӣ ҷони худро нисор кардаанд. Подошҳои бузурги шахсиятҳои миллӣ буд, ки имрӯз ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар Тоҷикистон ҳукмфармост. Хусусан, саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар офариниш ва таҳкими ваҳдати миллии тоҷикон бузург мебошад. Маҳз заҳмату талошҳои Пешвои миллат буд, ки айни замон сулҳу субот ва ваҳдати миллии фарогир дар Тоҷикистон муҳайёст. Ба ҳамагон маълум аст, ки пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ҷумҳуриҳои тобеъи Москва истиқлолияти сиёсии худро ба даст оварданд. Дар қатори онҳо Тоҷикистон низ давлати мустақили сиёсӣ дар ҷаҳон арзи вуҷуд кард. Бо талошҳои шабонарӯзӣ ва бедории миллии як қатор шахсиятҳо тоҷикон соҳиби давлати миллии худ гаштанд. Баъди ҳазорҳо соли бедавлатӣ ва оварагӣ миллати тоҷик соҳибдавлат гардид ва дар харитаи сиёсии ҷаҳон Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуҷуд омад. Ваҳдати миллӣ натиҷаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандист, ки бар миллати тамаддунофари мо таҳмил гардида, давлати ҷавони Тоҷикистонро аз ҷиҳати иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсию фарҳангӣ фарсахҳо ба қафо партофт. Маҳз тавассути ҳамин омил сиёсати сулҳофарини Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи байналмилалӣ намунаи беҳтарини сулҳу ваҳдат ва созиш муаррифӣ мешавад. Мавриди зикр аст, ки бо шарофати заҳматҳои Пешвои миллат ваҳдати миллӣ таъмин гардида, ҳаёти осоиштаи шаҳрвандон ва сарпаноҳи миллат, яъне давлат ба вуҷуд омад, ки яке аз бузургтарин дастовардҳои мо дар тӯли таърих мебошад. Албатта, дар ин радиф ҳамон фарҳанги баланди Сарвари миллат буд, ки тоҷикон давлати миллӣ таъсис доданд. Бояд гуфт, ки ҳисси баланди ватандӯстӣ, самимият, ҷасорат, мардонагӣ, миллатдӯстӣ, дипломатияи олӣ ва дигар сифатҳои шахсии раисҷумҳур имкон ба вуҷуд оварданд, ки он солҳои ниҳоят вазнини даҳшатбор, вазъи пасти иқтисодию иҷтимоӣ анҷом ёфта, ваҳдати миллӣ дар кишвари мо ғалаба кунад. Имрӯзҳо манзараҳои ҷанги Афғонистон ва Украинро мебинед, ҳамон рӯзҳои пурдаҳшати ҷанги таҳмилии бародаркӯшии Тоҷикистон пеши назар меояд. Дар солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ мардуми тоҷик дар кӯчаву хиёбонҳо ва кӯҳистонҳои сард дар муҳосираи гушнагиву ташнагӣ қарор гирифта, ҳазорҳо ҳамватанони мо ҷони азизи худро аз даст дод буданд. Ҳар як тоҷик дар фикри ҳифзи ҷон ва хонаводаи хеш буд. Дар он замон кам тоҷике дарёфт мешуд, ки ғайр аз ғами ҷону шиками худу аҳли оилааш фаротар андеша намояд. Дар он замонҳо мушкилоти хомӯш кардани ҷанг ва ҳифзи давлати тозабунёдро кам дар кам инсонҳо буданд, ки роҳи ҳаллашро пайдо карданӣ мешуданд. Хушбахтона, атрофи идеяҳои сулҳоварӣ ва ҳифзи давлатдории миллии тоҷикони Пешвои миллат садҳо шахсиятҳои миллӣ гирд омада, тамоми заҳмату талошҳои худро барои дар амал татбиқ намудани онҳо сарф карданд. Махсусан, ёдоварӣ менамоем, ки ҳамон худбоварӣ ва умед ба ояндаи неку хушбахтии Роҳбари давлат буд, ки ба ҳамватанони мо руҳияи қавии миллӣ бахшида буд. Ваҳдати миллӣ, ки имрӯзҳо садҳо нафар атрофи он сухан гуфта, матлабҳои хонданӣ меофаранд, арзиши бисёр баланд назди мо тоҷикон дорад. Ваҳдати миллӣ нишонаи боварӣ, садоқат, эҳтиром, эътирофи шаҳрвандон ба давлати миллии мо мебошад. Айни замон барои тақвияту ҳифзи ваҳдати миллӣ ҳар як пиру ҷавон бояд атрофи идеяҳои созандагӣ, ободкорӣ, сулҳофарӣ, пешравӣ, амнияту суботи давлатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Рамҳон ҷамъ оянд. Бо чунин фаъолият ва амалӣ дастаҷамъона мо метавонем, ба давлати пешрафтаи ободу ором ноил гардем. Иброҳим Халилов, сиёсатшинос.silvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.