ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
    ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ[thumb=left]http://muminobod.tj/uploads/posts/2015- ...
Тақвими хабарҳо;
«     2024    »
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

Фиребу найранг ҷиноятро рӯйпуш намесозад.
Илова кард: admin11-08-2022, 16:37Асоси
Фиребу найранг ҷиноятро рӯйпуш намесозад. Роҳбарони ТТЭ ҲНИ аз рўзҳои аввали ташкили ин ҳизби хиёнаткор дар ҷумҳурӣ шаҳрвандонро ба гумроҳи бурда, минтақаҳои гуногуни Ватанро зидди якдигар душман сохта, дар натиҷа бо оғози ҷанги шаҳрвандӣ ҳазорон шаҳрвандони бегуноҳ ба қатл расиданд. Аз кирдорҳои содиркардаи худ шарм надошта, роҳбарият ва фаъолонашон ТТЭ ҲНИ-ро ҳамчун ҳизби сиёсии ҷабрдида дар назди хоҷагони хориҷии худ вонамуд намудаанд. Бо дастгирии давлатҳои ба ҳамаи мо маълум хоинони ватан барои барҳам додани сохти конститутсиони, таблиғи фарҳанги ба мо бегона, ба роҳ мондани ҷанги шаҳрвандӣ исботкунандаи суханони боло мебошад. Ҳамаи амалҳои ноҷавонмардонаи хоинони миллати тоҷик асосан аз минтақаи Бохтар оғоз ёфта, зарари ҷонию иқтисодиро дар маҷмуъ ҳамаи сокинони кишвар диданд. Дар ин минтақа ҳарчанд тарафдорони наҳзатиҳо даст ба амалҳои терористӣ мезаданд, роҳбарони ТТЭ ҲНИ ҳамеша даъво менамуданд, ки мо бо ҷинояткорон робитае надорем. Чихеле дар урфият мегуянд «Бори каҷ ба манзил намерасад». Дар ин миён Муҳиддин Кабирӣ бо ҳамаслакони худ, баъд аз фош шудани фиребу найрангашон ба мақсад нарасидаанд. Фаъолияти ТТЭ ҲНИ бар ивази ҷиноятҳои содирнамудаашон дар асоси қонунҳои амалкунанда қатъ гардонида шуд. Гарчанде ТТЭ ҲНИ фаъолияташ қатъ гардонида шуда бошад ҳам, бунёди ҲНИ терорристи ва зиддиинсони буд, то ба имрўз аз ҳадафҳои разилии худ даст накашидаанд. Ҳамарўза дар шабакаҳои иҷтимоӣ туҳмат, ғайбат ва найранѓҳои худро ба намоиш мегузоранд. Баъзе ҷавонони содалавҳ, ба ин гуруҳҳо шомил шуда, тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ин хоинони миллатро дастгирӣ ва суханони онҳоро об медиҳанд. Бинобар ин, аз ҷавонони бо нангу номуси ватан, хусусан ҷавонони мо, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дорнад, бояд ин хоинони миллатро дастгирӣ накунанд, Ҳамеша дар ёд дошта бошанд, ки муҳоҷирати меҳнатӣ ин маҷбурӣ нест, танҳо зарурат барои пайдо кардани ризқу рузӣ аст. Гарчанде муҳоҷирони мо дар берун аз ватан қарор дошта бошанд ҳам, дар кишвари азизамон Тоҷикистон онҳоро падар, модар бародару хоҳар, зану фарзандон интизоранд. Ва набояд аҳлу оила бо шумии ин хоинони миллат ҷабр бинанду боиси сархамӣ дар байни ҳамдеҳагону ҳамватанонамон гарданд. Ҳиматов Амирҳамзаалӣ корманди КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтарsilvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.