ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ Имони пок инсонҳои худоҷӯйро ба...
Тақвими хабарҳо;
«     2022    »
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031 
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ РАМЗИ САРБАЛАНДӢ ВА САОДАТМАНДИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК
Илова кард: admin22-07-2022, 11:20Асоси
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ РАМЗИ САРБАЛАНДӢ ВА САОДАТМАНДИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК Воқеан, таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва ҳифзу бунёди давлатдории миллӣ барои халқи заҳматқарини мо осон ба даст наомадааст. Дашманони миллати тоҷик ҳеҷ гоҳ намехостанд, ки парчами давлатии мо дар фазо ва сарзамини таърихии мо парафшон бошад. Дар арсаи таърих миллати мо дар ин роҳи душвор қурбонии зиёд дод, вале фарзандони далеру огоҳи он шарафмандона давлати миллии худро ҳифз карданд. Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи аосии мавҷудияти миллат, ифодакунандаи таърихи ниёгон ва нишонаи қудратмандии халқи мо дар фазои кишвар парафшон гардид. Парчами давлатӣ дар замоне қабул гардид, ки давлат ва халқи мо вазъияти бисёр ҳам душвор қарор дошт. Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он таърихи Тоҷикистон ҳамчун иҷлосияи таърихӣ ва тақдирсоз сабт гардидааст, дар рӯзномаи он яке аз масъалаҳои меҳвари қабули Парчами давлатӣ буд. Фарзандони огоҳи миллат дарк намуда буданд, ки маҳз ба василаи қабули Парчам метавон муттаҳидии мардум, роҳи минбаъдаи давлатдорӣ ва таърихи гузаштаву имрӯзи миллатро васл намуд. Тасдиқи Парчам дар Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давлати тозаистиқлоли мо як қадами ҷиддӣ дар роҳи ҳифз ва эҳёи арзишҳои давлатдорӣ ба шумор мерафт. Парчами давлатӣ ба мардуми мо имкон дод, ки зери парфишонии он муттаҳид гарданд ва даҳшати ҷанги шаҳрвандиро бартараф созанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба нақши Парчами давлатӣ дар муаррифии халқи соҳибтамаддуну куҳанбунёди тоҷик ва давлату миллат, аз ҷумла таъкид намудаанд: «Парчами давлатӣ муаррифгари тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ ва мояи ифтихори мо ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон мебошад». Воқеан ҳам, Парчами давлатӣ нишони соҳибдавлатию соҳибихтиёрӣ, ифодакунандаи таъриху фарҳанги бостонии миллати тоҷик буда, ҳар як фарди ватандӯсту меҳанпарвари кишварро вазифадор менамояд, ки нисбат ба ин рамзи муқаддаси миллӣ эҳтиром ва арҷгузор бошад. Дар Конститутсияи Тоҷикистон, ки ҳуҷҷати асосӣ ва меъёри ҳамаи муносибатҳост, Парчам дар баробари Нишон ва Суруди миллӣ ҳамчун рамзи муҳимми давлат ва нишонаи сарбаландии миллат қабул гардидааст. Суннати парчамдорӣ дар таърихи халқи тоҷик ҳамчун рамзи муҳимми худсолорӣ ва василаи ваҳдати мардум ба ҳисоб меравад. Аҷдодону ниёгони мо ҳанӯз аз замонҳои хеле қадим зери ливои Дирафши Ковиён муттаҳид гардида, фарҳангу тамаддун, таъриху сарзамин ва шарофату ғурури худро муаррифӣ ва ҳифз менамуданд. Боиси ифтихор аст, ки имрӯз Парчами давлатӣ дар бинову иншоотҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва фарҳангӣ барафрохта мешавад, ки ин рамзи озодагии миллати мо аст. Мардуми Тоҷикистон имрӯз аз хурд то бузург ҳама ба Парчами давлатӣ эҳтирому муҳаббат ва самимияти хос доранд, ки ин инъикоси худшиносиву ҳувияти баланди миллати мо аст. Дар шароити имрӯза, ки тағйироту таҳаввулоти ғайриинтизори ҷаҳони муосир ва бархӯрди мафиати қудратҳои сиёсии ҷаҳон ба вусъат ёфтани хатару таҳдидҳои нав ва тавсеаи фаъолияти гурӯҳҳои террористию эсктресмистӣ шароит фароҳам меоварад, ҳифзу ҳимояи манфиатҳои миллӣ, давлату давлатдорӣ ва фазои орому осудаи кишвари азизамон Тоҷикистон беш аз пеш аҳамият пайдо менамояд. Аз ин лиҳоз, ҳар яки мо ва бахусус ҷавонони номбардори миллатро зарур аст, ки таҳти сиёсати ояндабинона ва бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва парафшонии Парчами давлатӣ муттаҳиду сарҷамъ гардида, арзишҳои давлату миллат ва дастовардҳои даврони истиқлоламонро сарбаландона ҳифз намоянд. Арҷ гузоштан ба Парчами давлатӣ ифодаи олии муҳаббат ба Ватан, садоқат ба арзишҳои бузурги ниёнон аст. Девонсолор Сайф, муҳаққиқи илмҳои сиёсӣsilvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.