ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ Имони пок инсонҳои худоҷӯйро ба...
Тақвими хабарҳо;
«     2022    »
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031 
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

Ҳусни мақтаъи ҷинояткорӣ дар Бадахшон Дар Бадахшон кори таърихӣ ба вуқӯъ пайваст.
Ҳусни мақтаъи ҷинояткорӣ дар Бадахшон Дар Бадахшон кори таърихӣ ба вуқӯъ пайваст. Ҳалқаҳои ҷинояткор, ки муддати 30 сол мардумро ба гаравгон гирифта буданд, ба коми фаромӯшӣ фурӯ рафта, маҳв гардиданд. Ин ҳолат чанд сабаб дошт, ки яке аз онҳо ҷудо шудани сафи кормандони мақомот, халқ аз қатори ҷинояткорон буд. Вокунишҳои мардум дар бораи ҷинояткорон дар воситаҳои ахбори омма кори худро ба шакли муассир анҷом доданд. Ҳадди аксари сокинони вилоят бо дарки масъулияти том ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ ба ҷинояткорон ҷавоби дандоншикан доданд, ки агар ба як ҷумла онро хулосагирӣ намоем, ин посух аз он иборат буд, ки дигар халқ ба ҷавобгарон бо ҷуръат ҷабҳаи муқовиматро сар дод. Ин муқовимат як паёми равшан дошт: ҳамкорӣ бо мақомот ва маҳкум намудани 12 гурӯҳи ҷинояткор, ки аз ҷавобгарӣ дар назди қонун сар мепечиданд. Нуқтаи атф ё ба истилоҳ сарнавиштсоз барои мардуми Хоруғу Рӯшон ин 12-уми июни ҳамин сол аст. Ин санаест, ки марҳилаи таърихи навро ба армуғон овард. Аз ин ба баъд даврони тантанаи қонун ва риояи қонунгузорӣ дар маркази маъмурии вилоят ба ҳукми анъана хоҳад даромад. Як падидаи бисёр нангин ҳам мардум ва ҳам мақомотро нигарон карда буд. Ақаллияти ҷангҷӯ ва ҷиноятпеша дар Хоруғ ба ҳарфу амали қонун гӯш надода, мардумро азияту шиканҷа медоданд. Вале бепарвоӣ дар зеҳнҳо чунон хутур карда буд, ки касе ёрову тавонмандии муқобилият карданро надошт. Ҳама бетарафӣ ишғол карда, худро дар канор мегирифтанд. Хамчукн куниши ин бархӯрд, ГМҶ чоқтару барҷастатар мешуд, пулу пайсаи бедарди миён ҷамъ мекард, моликият меғундошт. Ва чун пайомади ин ғоратгариҳо ҳукумати бештар тақозо мекард. Ҳамин тариқ, Бадахшон дар асл ба макони амн ва осоишта табдил ёфт. Лоиҳаҳои созандаву ободкор дар ҳолати татбиқ шудан ҳастанд. Мардум дар пайи кору рӯзгор саъю талош менамояд, ки аз ин рӯзҳои наҳс ва муҳити ҷиноятзада дурӣ биҷӯяд. Кори нахустине, ки бояд мақомоти маҳаллӣ бикунанд, ин аз он иборат аст,ки бо халқ кор кунанд, ҷомеаро бисозанд, мафкураи ҷиноятпарвариро барои ҳамеша решакан кунанд. Мӯҳсин Расулов, сокини ш.Хоруғsilvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.